Дар ноҳияи Қубодиён бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 12.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Узбекистон», воқеъ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бинои шуъбаи бемориҳои сироятии калонсолон ва кӯдакон мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бинои шуъбаи бемориҳои сироятии Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Узбекистон» аз 50 кат, аз ҷумла 30 кат барои калонсолон ва 20 кат барои кӯдакон иборат буда, бо хати оксиген таъмин карда шудааст. Дар он бахши озмоишгоҳ низ фаъолият менамояд, ки дорои тамоми таҷҳизоту лавозимоти муосир дар самти ташхиси бемориҳои гуногун мебошад.
Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Узбекистон» дар ноҳияи Қубодиён яке аз калонтарин муассисаҳои тандурустӣ дар ҷумҳурӣ дониста мешавад. Он соли 2021 ба тариқи маҷозӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мавриди истифода қарор гирифта буд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»
Дар Хадамоти иҷро масъалаи рақамикунонӣ ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар шароити муосир баррасӣ гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд
Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Таҷрибаи рушди маҳал ва маорифи Тоҷикистон дар форуми Москва муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе 16-умин Муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 27 то 29 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд






