Дар ноҳияи Қубодиён бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ ба истифода дода шуд

Февраль 12, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 12.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Узбекистон», воқеъ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бинои шуъбаи бемориҳои сироятии калонсолон ва кӯдакон мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бинои шуъбаи бемориҳои сироятии Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Узбекистон» аз 50 кат, аз ҷумла 30 кат барои калонсолон ва 20 кат барои кӯдакон иборат буда, бо хати оксиген таъмин карда шудааст. Дар он бахши озмоишгоҳ низ фаъолият менамояд, ки дорои тамоми таҷҳизоту лавозимоти муосир дар самти ташхиси бемориҳои гуногун мебошад.

Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Узбекистон» дар ноҳияи Қубодиён яке аз калонтарин муассисаҳои тандурустӣ  дар ҷумҳурӣ дониста мешавад. Он  соли 2021 ба тариқи маҷозӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мавриди истифода қарор гирифта буд.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 12, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст