Дар ноҳияи Вахш даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» бо иштироки занону духтарони ҳунарманд ва гуногункасб баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон хабар доданд, дар фестивал занону духтарони ноҳия либосҳои қадимии чакан, либосҳои кӯдакона, рӯзмарра, маросимӣ, идона, расмӣ ва намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзиро ба намоиш гузоштанд.
Иброз гардид, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» бо мақсади баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, расму оинҳои миллию мардумӣ, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик ва тарғиби либоси миллӣ аз соли 2018 инҷониб гузаронида мешавад.
Баргузор намудани чунин фестивалҳо хеле бамаврид буда, аз як тараф агар ҳунари волои аҷдодӣ ҳифз шавад, аз ҷиҳати дигар он таваҷҷуҳи ҷавононро ба худ ҷалб менамояд. Тавассути ин фестивал ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардида, барои пойдории арзишҳои фарҳангӣ заминаи устувор гузошта мешавад.
Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оила имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад, яке аз тадбирҳои муҳим ба хотири эҳёи суннатҳои миллии тоҷикӣ ҳисобида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт–Луиси Ҷумҳурии Маврикий номинатсияи «Чакан-ҳунари гулдӯзӣ» бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон ба Мероси фарҳанги ғайримоддии башарият расман ворид шуд.
АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон








Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид






