Дар ноҳияи Вахш даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид

Февраль 13, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 13.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» бо иштироки занону духтарони ҳунарманд ва гуногункасб баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон хабар доданд, дар фестивал занону духтарони ноҳия либосҳои қадимии чакан, либосҳои кӯдакона, рӯзмарра, маросимӣ, идона, расмӣ ва намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзиро ба намоиш гузоштанд.

Иброз гардид, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» бо мақсади баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, расму оинҳои миллию мардумӣ, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик ва тарғиби либоси миллӣ аз соли 2018 инҷониб гузаронида мешавад.

Баргузор намудани чунин фестивалҳо хеле бамаврид буда, аз як тараф агар ҳунари волои аҷдодӣ ҳифз шавад, аз ҷиҳати  дигар он таваҷҷуҳи ҷавононро ба худ ҷалб менамояд. Тавассути ин фестивал ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардида, барои пойдории арзишҳои фарҳангӣ заминаи устувор гузошта мешавад.

Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оила имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад, яке аз тадбирҳои муҳим ба хотири эҳёи суннатҳои миллии тоҷикӣ ҳисобида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт–Луиси Ҷумҳурии Маврикий номинатсияи «Чакан-ҳунари гулдӯзӣ» бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон ба Мероси фарҳанги ғайримоддии башарият расман ворид шуд.

АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон

 

Февраль 13, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид