Дар Риёз байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдоди Малик Салмон созишнома ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 25.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24-25 феврал дар пойтахти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ — шаҳри Риёз Форуми чоруми байналмилалии башардӯстӣ баргузор гардид, ки дар он котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Баҳодур Қурбониён иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ.
Зимни иштирок дар Форуми байналмилалии башардӯстӣ аз ҷониби роҳбарияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Малик Салмони Арабистони Саудӣ Созишнома оид ба лоиҳаи «Сарпарастии ятимон» ба имзо расид. Тибқи он ба 1000 нафар кӯдакони ятими шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, ки фарогири ин лоиҳа мебошанд, тавассути кортҳои бонкии онҳо кумаки молиявӣ расонида мешавад.
Инчунин дар форум уҳдадории ҷонибҳо дар ҳалли мушкилоти мубрами башардӯстона таъкид гардид. Гуфта шуд, ки мавзуи имсолаи форум- «Муайян кардани ояндаи вокуниши башардӯстона» зарурати фаврии амалиёти дастҷамъиро дар манзараи беш аз пеш бесобиқаи ҷаҳонӣ инъикос менамояд.
Форум ҳамчун платформаи муҳим барои муколама хизмат намуда, роҳбарон, коршиносон, сиёсатмадорон ва таҷрибаомӯзонро аз саросари ҷаҳон муттаҳид менамояд. Он равишҳои инноватсионии кумаки башардӯстонаро якҷоя омӯхта, нақши технологияро дар вокуниш ба буҳрон баррасӣ намуда, мушкилотеро, ки дар натиҷаи тағирёбии иқлим, низоъ ва муҳоҷират ба миён меоянд, ҳал месозад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ









Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






