Дар Суғд ҷашни Садаро бо иштироки меҳмонон аз давлатҳои ҳамсоя таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 01.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 январ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҷашни Сада бо риояи анъанаю суннатҳои қадимӣ таҷлил карда шуд. Дар тантанаҳои иди Сада меҳмонон аз ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Қирғизистон иштирок намуда, бо русуму анъанаҳои мардуми тоҷик аз наздик шинос шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои вилоят хайма ва растаҳои маҳсулоти кишоварзию ҳунармандӣ ороста шуда, ҳунармандону кандакорон, оҳангарон ва сӯзанидӯзону тарроҳон ва деҳқонон дастранҷи меҳнати худро ба намоиш гузоштанд.
Иброз гардид, ки ҷашни Сада дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо талошу иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, 6 декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Ин падидаи муҳимми фарҳангӣ боиси ифтихори ҳар фарди худогоҳу ватандӯсти мамлакат ва гувоҳи равшани ҷанбаи қавии башардӯстона доштани ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик мебошад.
Иброз гардид, ки ҷашни Сада аз қадимулайём бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди қавӣ дошта, ҳамчун ҷузъи фарҳанги маънавии халқи тоҷик давоми қарнҳо барои муаррифии мардуми соҳибтамаддуну куҳанбунёдамон ва ҳифзи беҳтарин арзишу суннат ва расму ойинҳои миллӣ нақши арзишманд гузоштааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз намоиш-фурӯши ниҳол, дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ, кӯчати гулу зироат ва дигар маҳсулот баргузор гардид.
Дар ҷашнгоҳ кишоварзони вилоят ҳосили ҷамъовардаи худ, аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар анвои кишоварзиро ба намоиш гузошта, тухмиҳои хушсифати пунбадона ва гандумро пешкаши сокинон намуданд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 22 миллиарду 387 миллиону 945,3 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 13 фоиз зиёд мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






