Дар Тоҷикистон 500 маркази инкишофи кӯдак бунёд ва таъмир карда мешавад

Февраль 25, 2025 09:19

ДУШАНБЕ, 25.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон бунёду таъмири 500 маркази инкишофи кӯдак бо маблағи 125 миллион доллар ва таъмири 34 муассисаи томактабӣ ба маблағи 840 ҳазор доллари ИМА идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, соли 2024 теъдоди муассисаҳои томактабӣ ба 744 адад расида, дар онҳо 113 ҳазору 970 кӯдак таълиму тарбия мегиранд, ки нисбат ба соли 2023  37 муассиса ва 9049 нафар кӯдак зиёд мебошад.

Бояд иброз намуд, ки барои дастрасии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2 884 маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 131 ҳазору 317 кӯдак таъсис дода шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023  503 марказ ва 34 ҳазору 771 кӯдак зиёд мебошад.

Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ 245 ҳазору 287 нафар ё 23,2 фоизро ташкил медиҳад.

Бо мақсади танзими фаъолияти муассисаҳои томактабӣ заминаи меъёрии ҳуқуқӣ таҳким бахшида, якчанд санад таҳия шуд.

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» илова ворид шуда, мақоми ҳуқуқии марказҳои инкишофи кӯдак муқаррар гардид. Ин барои то соли 2025 ба 30 фоиз ва то соли 2030 ба 50 фоиз расонидани фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ мусоидат менамояд.

Инчунин Низомномаи намунавии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак ва Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Бояд иброз намуд, ки марказҳои инкишофи кӯдак бо мақсади инкишофи қобилияти зеҳнӣ ва завқи донишандӯзии кӯдакон, дар руҳияи худогоҳию худшиносӣ тарбия намудани онҳо ва баланд бардоштани малакаю маҳорати эҷодии кӯдакону наврасон таъсис дода шудаанд.

Тавре равоншиносон иброз медоранд, масъулияти тарбияи дурусти фарзандон, албатта, бар дӯши падару модар аст. Аммо, дер ё зуд лаҳзае фаро мерасад, ки кӯдак бояд мустақилона ба мактаб ё дигар муассисаҳо равад. Маркази инкишофи кӯдак метавонад кӯдакро ба таҳсил бе волидон омода созад.

Тавре директори Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе Назрихуҷа Саидалиев иттилоъ дод, дар чунин муассисаҳо омӯзгорони касбӣ кор мекунанд, ки онҳо метавонанд раванди таълимро барои ҳар кӯдак шавқовар ва ҷолиб гардонанд. Илова бар ин, омӯзгорон пайваста самтҳо ва барномаҳои нави рушди кӯдаконро назорат менамоянд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки танҳо маслиҳатҳои амалӣ ва муассирро истифода баранд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» амалӣ мешавад, ки яке аз бандҳои он ташкил ва таъсиси марказҳои инкишофи кӯдак мебошад. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ ва бисёрсолаи равоншиносӣ исбот сохтааст, ки кӯдакони дар боғча ва маркази инкишофи кӯдак тарбияёфта аз кӯдакони дар хона тарбиягирифта ба куллӣ фарқ менамоянд. Дар онҳо маҳорату малакаи суханронӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон, фаъолияти хоси фикрӣ, ахлоқӣ ва зебоипарастӣ баръало эҳсос мегардад. Ин ҳама меҳнати омӯзгорони зинаи аввали таълимро осон ва сифати таълиму тарбияро баланд мебардорад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 25, 2025 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар якчанд муассисаи таълимии шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонӣ идома доранд
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатӣ ва Дафтари барномаҳои САҲА нақшаи чорабиниҳои муштарак ба имзо расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муассисаи томактабии «Зирамоҳ»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии «Орзу»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: СУЛҲУ СУБОТ ВА АМНИЯТИ ҶОМЕА ДАР МЕҲВАРИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ». Бо чунин унвон ҳамоиш доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Cокина ва китобхонаи деҳаи Хуррамзаминро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бинои нозироти андоз ва бинои нави иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ро ифтитоҳ намуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 26 сол дар ноҳияи Восеъ 16 муассисаи нав бунёд карда шуд
Дар Хатлон 37 хатмкунанда соҳиби аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ гардид