Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 33 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 13.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 33 муассисаи томактабӣ сохта мешавад, ки 11 адади он кӯдакистон ва 22 адад маркази инкишофи барвақтии кӯдак мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ медиҳад.
12 феврал дар деҳаи Жамак ва деҳаҳои Вишхарву Андарбак сохтмони кӯдакистонҳои нав ва дар деҳаҳои Будуну Мотравн марказҳои рушди барвақтии кӯдак оғоз гардиданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот зимни вохӯрӣ бо сокинон иброз намуд, ки муассисаҳои томактабӣ қобилият, шавқу рағбат, хусусияти ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабиро инкишоф медиҳанд. Инчунин ин муассисаҳо ба омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ мусоидат мекунанд.
Дар ин муассисаҳо тамоми шароит фароҳам оварда шуда, омӯзгорони соҳибтаҷриба барои таълим додан ҷалб мегарданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид






