ДАРАХТ БИНШОН! Дар вилояти Суғд 750 бех ниҳол шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 27.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи барномаи «Кишвари сабз», корҳои ободонию хуррамгардонӣ, ҳифзи муҳити зист дар боғ ва гулгаштҳои назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд зимни ҳашари ниҳолшинонӣ 100 бех ниҳоли санавбар, ёс, сарвиноз, ғор, шоҳбулут ва арча шинонида шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки дар маъракаи ниҳолшинонӣ роҳбарон ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолона иштирок намуданд.
Тибқи маълумоти масъулин, аз оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар майдону гулгаштҳои назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд беш аз 750 бех ниҳолҳои гуногун шинонида шудаанд. Ин нишони он аст, ки дар вилоят ба масъалаи ободонӣ ва сабзу хуррам намудани муҳити зист таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад.
Инчунин аз ҷониби масъулин барои нигоҳубини дурусти ниҳолу дарахтон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






