Дарозтарин пул дар Осиёи Марказӣ дар болои дарёи Сурхоби Тоҷикистон бунёд карда мешавад

Февраль 25, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 25.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар болои дарёи Сурхоб дар ноҳияи Нуробод дарозтарин пул бо масофаи 920 метр сохта мешавад, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ назир надорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ин замина байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Жечианг коммуникейшн констракшэн групп ко ЛТД» -и Чин Созишномаи ҳамкорӣ оид ба сохтмони пули мошингузари дароз байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиали ширкати чиноии «Жечианг коммуникейшн констракшэн груп ко ЛТД» ба имзо расид.

Санад дар заминаи марҳилаи сеюми татбиқи Лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди «Обигарм – Нуробод» ба имзо расида, онро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ширкати чиноии «Жечианг коммуникейшн констракшэн групп ко ЛТД» Ли Минкун имзо намуданд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки сохтмони ин пул барои иқтисодиёти Тоҷикистон аҳамияти муҳим дошта, бояд он бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шавад.

Тибқи созишнома, пул бояд дар муҳлати 4 сол бо назардошти меъёрҳои муосири роҳсозӣ ва бо иштироки мутахассисони ботаҷрибаи ватанию хориҷӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Арзиши умумии татбиқи лоиҳа 427 555 518.63 юани чинӣ- муодил ба 59 миллиону 857 ҳазору 772,61 долллари амрикоӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки пули мазкур бо дарозии 920 метр ва роҳҳои ба он васлшаванда дар маҷмуъ ба масофаи 1500 метр дар ноҳияи Нуробод, болои дарёи Сурхоб сохта мешавад.

Ин пул на танҳо дар мамлакат, балки дар Осиёи Миёна дарозтарин буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат- баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон бунёд мегардад.

Асосноккунии техникию иқтисодӣ ва омӯзиши намунаи пул аз ҷониби машваратчиёни ширкати муштараки кореягии «Донг Маёнг Инҷиниринг Компани», «Сенг инҷиниринг Компани» ва «Сусанг Инҷиниринг компани» дар ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуд.

Намояндаи «Жечианг коммуникейшн констракшэн груп ко ЛТД» Ли Минкун иброз намуд, ки ин ширкат дар Тоҷикистон чанд сол боз фаъолият намуда, дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳу пулҳо таҷрибаи калон дорад.

 

Маълумот оид ба СССС:

«Жечианг коммуникейшн констракшэн групп ко ЛТД» (ширкати сохтмони коммуникатсияҳои Чин; «Zhejiang Communications Construction Group Co Ltd», СССС) корпоратсияи давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, ба сохтмони иншооти инфрасохтори нақлиётӣ тахассус дорад. СССС яке аз ширкатҳои пешсафи ҷаҳон дар соҳаи лоиҳакашӣ ва сохтмони бандарҳо, иншооти бандарӣ, чуқуркунӣ, лоиҳакашӣ ва бунёди амволи ғайриманқули истиқоматӣ ва тиҷоратӣ, роҳу пулҳо, аз ҷумла роҳи оҳан, метро, фурудгоҳҳо ва дигар иншооти инфрасохтори нақлиётӣ мебошад. Ширкат дар 139 кишвар, аз ҷумла дар Тоҷикистон намояндагӣ дорад.

Ширкат шумораи зиёди лоиҳаҳои бузургро дар Чин ва дигар кишварҳо, аз ҷумла оид ба лоиҳакашӣ, сохтмон ва таҷҳизонидани 7 бандар аз 10 бандари аз рӯи гардиши бор калонтарини ҷаҳон, лоиҳакашӣ ва сохтмони пулҳои тӯлонитарин дар ҷаҳон, шоҳроҳҳо, маҷмааҳои истиқоматӣ ва тиҷоратӣ амалӣ намудааст. Ин ширкат тӯлонитарин пули баҳрии Ханчжоу Бэйро дар Чин бо дарозии 36 км ва бузургтарин дар ҷаҳон дарвозаи оҳанинро барои бандари Антверпени Белгия бунёд намудааст.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 25, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»