Давоми ду сол дар роҳҳои Тоҷикистон 550 метр долонҳои зидди тарма сохта мешаванд
ДУШАНБЕ, 25.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои 2025-2026 ҷиҳати ҷалби сармоя ва бо сатҳу сифати баланд сохта ва ба истифода додани роҳҳои мошингарди Данғара-Гулистон (50 километр), Гулистон –Фархор (33 километр), бунёду барқарорсозии 52 километр роҳҳои мошингарди аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар ҳудуди вилояти Суғд, 4, 5 километр дар мавзеи Барсеми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 550 метр долонҳои зидди тарма, пул бо дарозии 82 метр аз болои дарёи Шорф ва пул бо дарозии 200 метр аз болои дарёи Ғунд тадбирҳои мухаххаси амалӣ андешида шаванд. Чунин омадааст дар банди 31-и «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён гардидаанд». Нақшаи чорабиниҳои мазкур бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст.
Барои сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани ин супориши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазоратҳои нақлиёт, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояҳои Суғд ва Хатлон вазифадор гардидаанд. Айни замон корҳои таҷдиду навсозии роҳҳои мошингарди «Данғара – Гулистон» – 50 километр ва «Гулистон – Фархор» ба дарозии 33 километр оғоз гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, 155 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба маблағи умумии 4,6 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, роҳҳои мошингарди «Роғун – Обигарм – Нуробод» ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ ба дарозии 76 километр ва «Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара» – 69 километр ба маблағи 800 миллион сомонӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда шуданд.
Натиҷаи ҳамин роҳсозии босуръат дар зарфи панҷ соли охир буд, ки тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда, аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардид.
Бояд гуфт, ки ба мамлакати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имкониятҳои транзитии он ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии рушди ҷумҳурӣ пазируфта шудааст.
Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир дар Тоҷикистон таъмиру сохтмони роҳҳои маҳаллӣ вусъат пайдо карда, танҳо дар соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва мардум ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ зиёда аз 2 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид гардида, бунёду навсозии 23 пул ба анҷом расидааст.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






