Донишҷӯёни тоҷик дар ҳошияи барномаи табодули академӣ ба Донишгоҳи илм ва технологияи Шансии Чин ҷалб гардиданд
ДУШАНБЕ, 26.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи илм ва технологияи Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чин 12 нафар донишҷӯёни тоҷик дар ҳошияи барномаи табодули академӣ ба Донишгоҳи илм ва технологияи Шансии Чин ҷалб гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳадафи табодули академии донишҷӯён омӯзиши таҷрибаи пешқадами омодасозии кадрҳои баландихтисос дар ин муассисаи таълимӣ, ҳамзамон баланд бардоштани малака ва салоҳиятнокии касбии донишҷӯён, омӯзиши забони чинӣ ва усулҳои нави таълим мебошад.
Дар доираи барномаи табодули академӣ имконият ва шароити мусоид фароҳам буда, таҳсил ва хобгоҳ барои донишҷӯён ройгон мебошад. Ҳамзамон донишҷӯён ба истифодаи маводи таълимӣ дастрасии ройгон пайдо менамоянд.
Табодули академии донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ, аз ҷумла Олмон, Корея, Ҳиндустон, Гурҷистон ва дигар давлатҳо идома дорад. Барои омодасозии онҳо ба барномаҳои табодули академӣ даврҳои ройгони омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил гардидаанд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






