Донишгоҳи давлатии Данғара аз аккредитатсия гузашта, соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид
ДАНҒАРА, 08.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ва ҳавасмандгардонии ҳайати омӯзгорон дар Донишгоҳи давлатии Данғара ду нафар рисолаи докторӣ ва 10 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд. Ҳамчунин барои дастгирии устодони донишгоҳ аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ маоши омӯзгорон 10 фоиз баланд бардошта шуд. Дар ин хусус 5 феврал зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шукрулло Хайрзода иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки соли 2024 Донишгоҳи давлатии Данғара аз аккредитатсияи институтсионалии байналмиллалӣ мувафаққона гузашта, соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид. Ҳамзамон дар доираи ҳамкории байнидонишгоҳӣ 10 устоди донишгоҳ дар муассисаҳои олии хориҷи мамлакат дар даврҳои бозомӯзӣ, семинарҳо, конфронсҳои илмӣ ва симпозиумҳо иштирок намуданд.
Дар чаҳорчӯби барномаҳои мубодилаи академии донишҷӯён дар шашмоҳаи якуми соли таҳсили 2024-2025 15 донишҷӯ ба Донишгоҳи технология ва илми Янчени Ҷумҳурии Мардумии Чин фиристода шуданд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






