Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо муассисаҳои таълимию илмии Фаронса ҳамкориро густариш медиҳад
ДУШАНБЕ, 12.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе вохӯрии ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинол баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот Зоир Раҳмонзода ташрифи хонум Элза Пинолро ба донишгоҳ қадами муҳим дар тақвияти ҳамкории мутақобили судманд бо муассисаҳои таълимию илмии Ҷумҳурии Фаронса арзёбӣ намуда, меҳмонро бо дастовардҳои таълимию илмии донишгоҳ шинос намуд.
Ҷонибҳо ҷабҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва илмии Ҷумҳурии Фаронса, аз ҷумла мубодилаи таҷриба ва ҷалби мутахассисони варзидаи соҳавиро барои тадриси фанҳои алоҳида дар донишгоҳ, ташкили даврҳои забономӯзӣ, иштирок дар лоиҳаҳои барномаҳои байналмилалӣ дар самтҳои афзалиятноки илм ва технология (технологияҳои рақамӣ, интеллекти сунъӣ, саноати хӯрокворӣ), гузаронидани таҳқиқоти илмии муштарак дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва инноватсияҳо, тавсеаи иштирок дар барномаҳои мубодилаи академии донишҷӯёну омӯзгорон ва рушд додани маҳорати касбии ҳайати омӯзгоронро баррасӣ намуданд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






