ЭҲЁИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ. Мулоҳизаҳои директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ
ДУШАНБЕ, 25.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ёдгориҳои мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии миллати тоҷик пайвандгари ҳаёти ниёгони мо буда, дар маҷмуъ саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро бо ҳам мепайванданд. Онҳо арзишҳои муҳими ҳаёти зеҳнии халқи тоҷик ба шумор рафта, ҳифз, эҳё ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани онҳо ояндаи боэътимоди давлатро таъмин менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафти ҳифз ва эҳёи таъриху фарҳанги миллиро ҳамаҷониба амалӣ менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи таърихию фарҳанги миллӣ чунин таъкид намудаанд: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар давлат-ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад».
Маҳз дар давраи ҷаҳонишавии таъриху фарҳангҳо таъсиси ниҳоди соҳавӣ — Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иқдоми саривақтӣ ва пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи таъриху фарҳанги миллӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки Агентӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ назорати бақайдгирӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, истеҳсоли маводи тармиму барқарорсозӣ, муаррифии шахсиятҳои барҷастаи таърихии миллат ва санаҳои бузурги таърихӣ, мероси хаттӣ, пешниҳоди ёдгориҳои мероси моддӣ ва ғайримоддӣ ба ЮНЕСКО, осорхонашиносӣ, бостоншиносӣ, берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои мероси таърихию фарҳангӣ, эъмори ҳайкалу муҷассама ва лавҳаҳои ёдбудро таъмин карда, ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти муассисаҳои низоми Агентӣ ва ташкилоти дигарро, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва намуди моликият анҷом медиҳад.
Сарватҳои мероси ғайриманқул маҳаки асосии ҳаёти моддӣ ва маънавии миллати тоҷик мебошанд, ки хотироти миллатро ба таври ҳамешагӣ нигоҳ медоранд.
Пажуҳиш ва таҳқиқи мероси бостонӣ, рӯй овардан ба сарчашмаҳои таъриху фарҳанги миллӣ ва таваҷҷуҳ ба онҳо ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат барои пойдории миллат мебошад. Ҳанӯз аз давраи оғози истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоссаро ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ равона намуда буд, зеро дар акси ҳол аз байн рафтани аслияти фарҳанг, хусусияти хоса, ягонагӣ ва худшиносии миллӣ таҳдид менамуд.
Маҳз бо назардошти муҳимияти ин масъала аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 санади меъёрии ҳуқуқӣ бобати ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба тасвиб расидааст.
Ҳамчунин дар заминаи ёдгориҳои нодири мероси ғайриманқули миллӣ таъсис додани мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, осорхона-мамнуъгоҳҳо, пойгоҳҳои бостоншиносӣ, тармиму барқарор ва эъмори онҳо мунтазам идома дорад. Маҳз тавассути объектҳои мазкур ва ҷойҳои тамошобоби таърихию фарҳангӣ ва табиӣ нигоҳдошти урфу одат ва анъанаҳои миллӣ таъмин шуда, ба ҷалби сайёҳӣ мусоидат менамоянд.
Тавре Президенти Тоҷикистон таъкид намудаанд, «миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст».
Аллакай ба ҷаҳониён исбот гаштааст, ки Тоҷикистон яке аз давлатҳои асосии шоҳроҳи бузурги абрешим дар минтақа буда, ёдгориҳои мероси моддӣ ва ғайримоддии нотакрори халқи тоҷик дар ин ҷода мавқеи устувор доранд.
Раванди ҷаҳонишавии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори воридшавии худ ба ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии инсонӣ, хусусан дар самти ҳифзи мероси таъриху фарҳанги миллӣ проблемаҳои мушаххасро ворид менамояд. Ҳифз ва нигоҳдорӣ намудани мавқеи таъриху фарҳанги миллӣ, пажуҳиши анъана ва русуми ниёгон дар таносуб бо дигар фарҳангҳои ҷаҳони муосир талаботи мубрами рӯз ба ҳисоб меравад.
Зимнан бояд иброз намуд, ки эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад. Истифодаи самараноки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамчун объектҳои сайёҳӣ ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид намудани беҳтарин ва нодиртарини онҳо ҳадафи асосии кормандони Агентӣ ба ҳисоб меравад.
Шералӣ ХОҶАЗОДА,
Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС аз бойгонӣ








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
АСОСНОККУНИИ ИЛМИИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол






