Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба зиёда аз 2,3 миллион мусофир хизмат расонидааст
ДУШАНБЕ, 05.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соли 2024 ба зиёда аз 2,3 миллион мусофир хизмат расонид, ки ин шумора беш аз 1,1 миллион нафар мусофирони омада ва зиёда аз 1 миллиону 177 ҳазор нафар мусофирони рафтаро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Ин омор нисбат ба соли 2023 беш аз 109 ҳазор мусофир ё 5 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамзамон дар ин давра миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» қабулгардида ва интиқолдодашуда 2614,4 тоннаро ташкил дод.
Аз ин шумора 346,8 тоннаро бори содиротӣ ва 2267,6 тоннаро бори воридотӣ ташкил медиҳад.
АКС аз манбаъҳои боз








Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад






