Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба зиёда аз 8 ҳазор хатсайри мунтазам ва чартерӣ хизмат расонидааст
ДУШАНБЕ, 06.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соли 2024 ба 8 ҳазору 468 хатсайр хизмат расонидааст, ки 7 ҳазору 985 хатсайр мунтазам ва 483 хатсайр чартерӣ мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Хатсайрҳои хизматрасонидаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нисбат ба соли 2023 беш аз 300 адад ё 4 фоиз зиёд мебошанд.
Ҳамзамон дар ин давра 2015 ҳолати батаъхирмонии парвозҳо дар фурудгоҳ сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2023 800 парвоз ё 66 фоиз зиёд мебошад. Омилҳои асосии ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳ ба дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз, номусоидии боду ҳаво, дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ, сарҳад, таъминот бо сӯзишворӣ ва ғайра рабт доранд.
Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 13 ширкати ҳавопаймоӣ амалӣ мегарданд, аз ҷумла 6 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои хориҷӣ, ба мисли «Флай Дубай»-и Аморати Муттаҳидаи Араб, «Туркиш Эйрлайнз»-и Туркия, «Китайские авиалинии»-и Чин, «Вориш Эйрлайнз»-и Эрон, «Ҷазира Эйрвейз»-и Давлати Кувайт ва «АЗАЛ» -и Ҷумҳурии Озарбойҷон.
Ҳамзамон парвозҳо аз ҷониби 7 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил –«Ют Эйр», «Уральские авиалинии», «Северный ветер», «Сибирь-S7»-и Федератсияи Русия, «Эйр Астана»-и Қазоқистон, «Узбекистон ҳавойуллари»-и Узбекистон ва 1 ширкати ватании «Сомон Эйр» ба амал бароварда мешаванд.
Соли 2024 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо сабабҳои гуногун 184 ҳолати зарар дидан ва гум шудани бағоҷи мусофирон сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2023 5 муроҷиат ё 2,6 фоиз кам мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






