Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2024 ба зиёда аз 8,9 миллиард доллар баробар гардид
ДУШАНБЕ, 13.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба зиёда аз 8,9 миллиард доллар баробар гардид, ки ин нисбат ба соли 2023 ба андозаи беш аз 572 миллион доллар зиёд мебошад.
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода 12 феврал зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз намуд, ки аз ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷии мамлакат беш аз 6,9 миллиард долларро воидоти мол ташкил дод. Ин нисбат ба соли 2023 ба маблағи 1083,6 миллион доллар ё 18,4 фоиз зиёд мебошад. Содирот ба 1 миллиарду 923,4 миллион доллар баробар шуда, нисбат ба соли 2023 ба андозаи 510,9 миллион доллар ё 21,0 фоиз коҳиш ёфтааст. Ҳамин тариқ, дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот 78,4 фоиз ва содирот 21,6 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат ба маблағи 466,7 миллион доллар ё 23,3 фоиз маъданҳо ва консентратҳо, беш аз 183 миллион доллар ё 9,5 фоиз алюминийи коркарднашуда, дар ҳаҷми беш аз 170 миллион доллар ё 8,8 фоиз нахи пахта, беш аз 50 миллион доллар ё 2,6 фоиз маҳсулоти меваю сабзавот, 170,1 миллион доллар ё 1,5 фоиз ресмони пахтагӣ, 26,4 миллион доллар ё 1,4 фоиз семент, 5,3 миллион доллар ё 0,3 фоиз пӯст ва дар ҳаҷми 2,2 миллион доллар ё 0,1 фоиз маҳсулоти консервагии меваю сабзавот содирот гардидааст.
Гуфта шуд, ки нисбат ба соли 2023 содироти мол ба кишварҳои Чин 96,9 миллион доллар, Ҳолланд 110,5 миллион доллар, Туркия 73,7 миллион доллар, Эрон 14,8 миллион доллар ва Покистон 13,2 миллион доллар афзоиш ёфта, ба давлатҳои Швейтсария ба маблағи 762,6 миллион доллар, Қазоқистон 57,2 миллион доллар, Русия 28,4 миллион доллар, Узбекистон 8,5 миллион доллар ва Беларус 1,3 миллион доллар коҳиш ёфтааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






