Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2024 ба зиёда аз 8,9 миллиард доллар баробар гардид

Февраль 14, 2025 09:33

  ДУШАНБЕ, 13.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба зиёда аз 8,9 миллиард доллар баробар гардид, ки ин нисбат ба соли 2023 ба андозаи беш аз  572 миллион доллар зиёд мебошад.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода 12 феврал зимни нишасти  матбуотии ин ниҳод иброз намуд, ки  аз ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷии мамлакат беш аз 6,9 миллиард долларро воидоти мол ташкил дод. Ин нисбат ба соли 2023 ба маблағи 1083,6 миллион  доллар ё 18,4 фоиз зиёд мебошад. Содирот ба 1 миллиарду 923,4 миллион доллар баробар шуда, нисбат ба соли 2023 ба андозаи 510,9 миллион доллар ё 21,0 фоиз коҳиш ёфтааст. Ҳамин тариқ, дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот 78,4 фоиз ва содирот 21,6 фоизро ташкил медиҳад.

Дар  ин давра аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат ба маблағи  466,7 миллион доллар ё 23,3 фоиз маъданҳо ва консентратҳо,  беш аз   183 миллион доллар ё 9,5 фоиз алюминийи коркарднашуда, дар ҳаҷми  беш аз 170 миллион доллар ё  8,8 фоиз нахи пахта,  беш аз 50 миллион доллар ё 2,6 фоиз маҳсулоти меваю сабзавот, 170,1 миллион доллар ё 1,5 фоиз ресмони пахтагӣ, 26,4 миллион доллар ё 1,4 фоиз семент,  5,3 миллион доллар ё 0,3 фоиз пӯст ва дар ҳаҷми 2,2 миллион доллар ё 0,1 фоиз  маҳсулоти консервагии меваю сабзавот содирот гардидааст.

Гуфта шуд, ки нисбат ба соли 2023 содироти мол ба кишварҳои Чин  96,9 миллион доллар, Ҳолланд 110,5 миллион доллар, Туркия 73,7 миллион доллар, Эрон 14,8 миллион доллар ва Покистон 13,2 миллион доллар афзоиш ёфта, ба давлатҳои Швейтсария ба маблағи 762,6 миллион доллар, Қазоқистон 57,2 миллион доллар, Русия 28,4 миллион доллар, Узбекистон 8,5 миллион доллар ва Беларус 1,3 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2025 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намуд
Дар Созмони ҷаҳонии гумрук намояндагии доимии Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Саридораи закот, андоз ва гумруки Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуд
НАМОИШГОҲИ ҶАҲОНИИ EXPO-2025. Ҳамарӯза Гӯшаи Тоҷикистонро 25 ҳазор нафар тамошо менамояд
Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 дар Осакаи Ҷопон баргузор шуд
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як миллиард сомонӣ расид
Дар ноҳияи Ёвон беш аз 22 ҳазор тонна маҳсулоти ғаладонагӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2024 ба беш аз 307 миллион сомонӣ расид»
Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 11 ҳазор расид
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт