«GULFOOD». Аз Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи байналмилалии ғизо ва нӯшокиҳо 11 корхонаи коркарди меваи хушк иштирок дорад

Февраль 18, 2025 16:43

ДУШАНБЕ, 18.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар гӯшаи махсуси Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Gulfood» намояндагони 11 корхонаи коркарди хушкмеваи ҷумҳурии мо маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Иштирок дар ин намоишгоҳ барои корхонаҳои ватанӣ имкон фароҳам меорад, то маҳсулот ва имконияти худро муаррифӣ ва тарғиб намоянд, ҳамкории эҳтимолии тиҷоратиро баррасӣ карда, бо раванд ва тамоюлоти нави бозор дар минтақа шинос шаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, шуруъ аз 17 феврал дар шаҳри Дубай Намоишгоҳи байналмилалии ғизо ва нӯшокиҳои «Gulfood 2025» оғоз гардида, то 21 феврал идома меёбад. Дар намоишгоҳ беш аз 5500 ширкат аз 130 кишвари ҷаҳон иштирок дошта, шумораи меҳмонон дар он ҳудуди 100 ҳазор нафарро дар бар мегирад. Маҳсулоти пешниҳоднамудаи корхонаҳои коркарди хушкмеваҳои Тоҷикистон — «Водии меваҳо», «Оро Исфара», «Исфара Фуд», «Меваи тиллоӣ», «Меваи заррин», «Висол» ва «Тути Помир» писанди иштирокдорон ва меҳмонони намоишгоҳ гардид.

Намоишгоҳи «Gulfood Dubai» ҳар сол баргузор шуда, яке аз намоишгоҳҳои бузургтарини тиҷоратӣ дар саноати хӯрокворӣ мебошад. Он иштирокдорон, коршиносони пешсафи соҳа ва харидоронро аз саросари ҷаҳон барои табодули идеяҳо, тавсеаи равобити тиҷоратӣ ва барқарор намудани ҳамкории стратегӣ гирди ҳам меорад.

Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои Тоҷикистон ҳамчунин дар мизҳои мудаввар, машварату ҳамоишҳои тиҷоратӣ иштирок карда, доир ба равандҳои нави соҳа маълумот мегиранд. Онҳо доир ба талаботи бозор ва муштариён маълумоти муфид пайдо менамоянд, ки ин барои рақобатпазирӣ дар бозор ва ҷустуҷӯи самтҳои нави рушд ёрӣ мерасонад.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 18, 2025 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид