Гурӯҳи кории Ҳукумати Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Деваштич шинос гардид

Февраль 21, 2025 16:32

ДУШАНБЕ, 21.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 19 феврал аъзои гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода доир ба истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзии худӣ дар ноҳияи Деваштич вохӯрӣ доир намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот ба таваҷҷуҳи масъулин расонида шуд, ки  дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (17 январи соли равон) баён доштанд, сари вақт иҷро намоянд.

Гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо захираи тухмии картошка ва обёрӣ намудани заминҳои лалмӣ шинос шуд.

Аъзои гурӯҳ  дар Ҷамоати деҳоти Муҷун дар ҳашари дарахтшинонӣ ва дар Ҷамоати деҳоти Яхтан дар кишти картошкаи барвақтӣ иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода иброз намуд, ки ноҳияи Деваштич дорои имконоти васеъ буда, масъулинро зарур аст, ки барои иҷрои нақшаҳои гузошта фаъолиятро тақвият бахшанд. Зеро дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои амалкунанда минбаъд низ хоҷагиҳо барои  таъминот бо тухмии хушсифат ва техникаҳои кишоварзӣ дастгирӣ меёбанд.

 АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 21, 2025 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст