Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «Gulfood»-и Дубай ба намоиш гузошта мешаванд

Февраль 17, 2025 11:48

ДУШАНБЕ, 17.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар намоишгоҳи бонуфузи «Gulfood», ки имрӯз дар Дубай оғоз гардид, корхонаҳои коркарди хушкмеваҳои Тоҷикистон- «Водии меваҳо», «Оро Исфара», «Исфара Фуд», «Меваи тиллоӣ», «Меваи заррин», «Висол» ва «Тути Помир» дар радифи 5500 корхона аз 130 кишвари дунё дар гӯшаи махсуси Тоҷикистон маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази тиҷорати байналмилалӣ иттилоъ медиҳад, ки намоишгоҳи «Gulfood» барои корхонаҳои коркарди хушкмеваи Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, то маҳсулот ва имконияти худро муаррифӣ ва тарғиб намоянд, ҳамкории эҳтимолии тиҷоратиро баррасӣ карда, бо раванд ва тамоюлоти нави бозор дар минтақа шинос шаванд.

Намоишгоҳи «Gulfood Dubai» ҳар сол баргузор шуда, яке аз намоишгоҳҳои бузургтарини тиҷоратӣ дар саноати хӯрокворӣ мебошад. Намоишгоҳи «Gulfood Dubai» иштирокдорон, коршиносони пешсафи соҳа ва харидоронро аз саросари ҷаҳон барои табодули идеяҳо, тавсеаи равобити тиҷоратӣ ва барқарор намудани ҳамкории стратегӣ гирди ҳам меорад. Бо ҳадафи пешбурд ва тарғиби лаззати беназири хушкмеваҳои Тоҷикистон гӯшаи ҷумҳурии мо мизбони меҳмонони сершуморе хоҳад буд, ки барои чашидани таъми табиӣ ва нодири маҳсулоти мо меоянд.

Намояндаи ширкати «Исфара Фуд» Мӯъминҷон Маҳмадҷонов мегӯяд, ки “иштирок дар ин намоишгоҳ имкони хубе аст, то мо бо харидорони бештар робитаи мустақим барқарор намуда, ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшем, бренди ширкатҳои худро ба бозорҳои берунӣ муаррифӣ намоем, бо тамоюлҳои наву талаботи бозор шинос шавем ва аз навгониҳо огоҳ гардем”.

Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои Тоҷикистон ҳамчунин дар мизҳои мудаввар, машварату ҳамоишҳои тиҷоратӣ иштирок карда, доир ба равандҳои нави соҳа маълумот мегиранд. Онҳо доир ба талаботи бозор ва муштариён маълумоти муфид пайдо менамоянд, ки ин барои рақобатпазирӣ дар бозор ва ҷустуҷӯи самтҳои нави рушд ёрӣ мерасонад.

Бо иштирок дар ин намоишгоҳ ширкатҳои Тоҷикистон на танҳо имконияти нави содироти маҳсулот пайдо мекунанд, балки барои шиносоӣ бо таъми нодири хушкмеваҳо ва меваҷоти гуногуни мамлакат меҳмононро ба Тоҷикистон даъват менамоянд. Ин чорабинӣ ҳамчун пул роҳи соҳибкорони тоҷикро ба саноати ҷаҳонии хӯрокворӣ наздиктар менамояд.

Намоишгоҳи бонуфузи «Gulfood» дар Дубай то 21 феврал идома меёбад.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 17, 2025 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд