Ҷиҳати дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2025 озмун эълон гардид

Февраль 13, 2025 14:38

ДУШАНБЕ, 13.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2025 озмун эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Ҳадаф  аз таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ қадршиносии хизматҳои шоистаи олимони ҷавон дар назди ҷомеа ва давлат, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии олимони ҷавон ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, техникӣ, технологӣ ва инноватсионӣ мебошад.

Довталабони то 35-сола ҳуқуқи иштирок дар ин озмунро доранд. Дар озмун ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникие, ки дар номгӯи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд, инчунин коркарди намунаи техникаи нав ва технологияҳои инноватсионие, ки иқтидори истеҳсолии ҷумҳуриро таҳким бахшида, ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамоянд, афзалият дода мешавад.

Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун аз якуми феврал оғоз гардида, то якуми майи соли 2025 ҳамарӯза то соати 17:00 идома меёбад.

Маълумоти иловагиро вобаста ба талаботи озмун тавассути суроғаи зерин дастрас намоед:  шаҳри Душанбе, кӯчаи Академик Раҷабовҳо 3; — телефонҳо барои тамос (+992) 988008064, 987757870, email: daler-safaraliev@mail.ru // kjv@kjv.tj

АКС аз манбаъҳои боз

 

Февраль 13, 2025 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон