Ихтироъкори тоҷик дар Форуми International Invention Fair thre Middio East соҳиби медали тилло гардид

Февраль 25, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 25.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ходими илмии Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи тибби бунёдӣ»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Омина Холиқзода барои ихтирои маводи «Тагетол» дар Форуми 15 — уми International Invention Fair thre Middio East, ки дар Кувайт доир гардид, соҳиби ҷои аввал ва медали тилло гардид.

Тавре Омина Холиқзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ӯ дар ин форум бо ихтирои маводи «Тагетол» иштирок намуд. Ин мавод хусусияти гепатопратекторӣ, талхаронӣ, зиддиоксидӣ, зиддитоксидӣ ва зиддиилтиҳобӣ дошта, дар асоси равғани атрии махмалаки майдагул, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нумуъ меёбад, ихтироъ гардидааст.

Дар форум намояндагони 66 давлати дунё ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар иштирок намуданд.

Форум аз соли 1974 инҷониб доир мешавад. Ҳадафи форум ҷамъ овардани олимону ихтироъкорони давлатҳои тамоми дунё ва муайян намудани ихтироъкорони беҳтарин мебошад.

Омина Холиқзода дар ҷамъбаст дар байни 66 давлати дунё сазовори ҷои якум ва медали тиллои Форуми 15-уми International Invention Fair thre Middio East гардид.

АКС аз бойгонии Омина Холиқзода

Февраль 25, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд