Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Эрон муаррифӣ шуданд

Февраль 22, 2025 10:45

ДУШАНБЕ, 22.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти унвони «Сад ширкати сайёҳии ҷаҳон дар нисфи ҷаҳон» ҳамоиши байналмилалии ширкатҳои сайёҳӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истонод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамоиш намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои сайёҳӣ ва маҷмаии лижаронии «Сафеддара» иштирок дошта, имконоти сайёҳии мамлакатро муаррифӣ намуданд.

Дар доираи ҳамоиш намояндагони ширкатҳои ватанӣ барои ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат бо намояндагони ширкатҳои эронӣ вохӯрӣ намуда, имконоти сайёҳии ду давлатро баррасӣ намуданд.

Пешниҳод гардид, ки байни ширкатҳои хусусии сайёҳии ду давлат барои боз ҳам тақвият додани муносибатҳо санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шаванд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 22, 2025 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад