Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 26.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ғарби вилоят бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши борон ва барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши борон ва барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона ва рӯзона 0+2 дараҷа гарм мешавад.








250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
6 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд






