Имрӯз дар Душанбе намоиш-фурӯши китоб баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 10.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон намоиш-фурӯши китоб баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд.
Намоиш-фурӯши китоб аз соати 10:00 то 16:00 баргузор шуда, дар он ноширони ватанӣ китобҳои бадеӣ, илмӣ, адабиёти бачагона ва тарҷумаи бадеиро бо сифати баланд пешниҳод менамоянд. Ин намоиш-фурӯши китоб барои дастрасӣ ба китобҳои тозанашр беҳтарин имконият аст.
Чун анъана дар ин намоиш-фурӯш як зумра шоирону нависандагони маъруфи тоҷик иштирок намуда, ба китобҳои харидаи иштирокдорон соядаст мегузоранд. Дар ин барномаи фарҳангӣ донишҷӯёну омӯзгорон бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик суҳбат намуда, бо онҳо аз наздик шинос мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






