Имрӯз дар Душанбе намоиш-фурӯши китоб баргузор мегардад

Февраль 10, 2025 09:26

ДУШАНБЕ, 10.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон намоиш-фурӯши китоб баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд.

Намоиш-фурӯши китоб аз соати 10:00 то 16:00 баргузор шуда, дар он ноширони ватанӣ китобҳои бадеӣ, илмӣ, адабиёти бачагона ва тарҷумаи бадеиро бо сифати баланд пешниҳод менамоянд. Ин намоиш-фурӯши китоб барои дастрасӣ ба китобҳои тозанашр беҳтарин имконият аст.

Чун анъана дар ин намоиш-фурӯш як зумра шоирону нависандагони маъруфи тоҷик  иштирок намуда,  ба   китобҳои харидаи  иштирокдорон  соядаст  мегузоранд. Дар ин барномаи фарҳангӣ донишҷӯёну омӯзгорон  бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик  суҳбат намуда,  бо   онҳо аз наздик шинос мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2025 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид
«Душанбе — нусхае аз биҳишт». Таҳти ин унвон дар васфи пойтахти Тоҷикистон китоб ба нашр расид