Имрӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи миллии илмҳо, Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 06.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи шаҳри Фирдавсии Душанбе, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов оид ба ҷамъбасти соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ соати 08:30 доир мегардад.
Дар Академияи миллии илмҳо нишасти матбуотӣ соати 09:30 баргузор мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав соати 10:00 (собиқ бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдо) доир мегардад.
Дар Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур соати 09:00 ва дар ноҳияи Фирдавсӣ соати 14:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ соати 09:00 ва дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ соати 10:00 баргузор мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






