Имсол дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Панҷакент дар 3900 гектар картошка кишт карда мешавад
ДУШАНБЕ, 25.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Панҷакент дар 3900 гектар картошка кишт карда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.
Кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Меҳнатобод»-и Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳр имсол нахустин шуда, ба кишти барвақтии картошка шуруъ намуданд.
Саҳмдори собиқадори хоҷагӣ Ҳусниддин Шукуров иброз дошт, ки дар шаст ҳисса замини саҳмаш пурра картошкаи барвақтӣ кишт намуда, баъди ҷамъоварии он дар ин замин сабзавот парвариш мекунад. Ӯ ба қадри зарурӣ барои кишт кардани картошка тухмӣ захира намудааст.
Имсол дар ин хоҷагии деҳқонӣ дар 32 гектар ва Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан дар 535 гектар кишти картошка, ки қисми асосии он барвақтӣ аст, пешбинӣ шуда, ҳоло омода намудани заминҳо барои кишт ва шинонидан идома дорад.
Деҳқонони хоҷагии «Хуросон»-и Ҷамоати деҳоти Ёрӣ низ ба кишти барвақтии картошка шуруъ намуданд.
Дар маҷмуъ имсол дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Панҷакент дар 3900 гектар кишти картошка пешбинӣ шудааст.
Тибқи маслиҳати мутахассисон, бояд дар 70 дарсади он картошкаи барвақтӣ, ки дар иқлими ин водӣ ҳосили хуб медиҳад, кишт шавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






