IRS: Пайомадҳои тарма дар роҳи Душанбе-Чанок бартараф шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин аст

Февраль 25, 2025 14:45

ДУШАНБЕ, 25.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дар километри 78-уми роҳи Душанбе-Чанок оқибатҳои тарма, ки 60 метр паҳноӣ ва 8 метр баландӣ дошт, рафъ гардида, ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиёт барқарор карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

14 тармае, ки имрӯз фаромада буд, аз ҷониби кормандони ширкат пурра тоза гардид. Тарма дар километрҳои 67, 73, 78, 79-уми роҳи Душанбе-Чанок фаромада, дар муддати кӯтоҳ бартараф гардид.

Иттилоъ медиҳем, ки бориши барф дар масири Душанбе- Чанок идома дошта, новобаста аз ин кормандон кӯшиш доранд, ки ҳаракати муназзаму бехатари нақлиёт тавассути он таъмин бошад. Бо ин мақсад ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда, роҳро доимӣ аз барф тоза ва бо маводи зиддилағзиш коркард мекунанд.

АКС: Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 25, 2025 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид