Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
ДУШАНБЕ, 13.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ /Global Implementation Support Symposium/, ки дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ Котиби генералии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) – Хуан Карлос Саласар, Директори минтақавии Аврупо ва Атлантикаи Шимолии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) Николас Ралло, Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Амороти Муттаҳидаи Араб Сайф Муҳаммад Алсувайдӣ ва инчунин роҳбарони мақомоти авиатсияи граждании беш аз 35 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода доир ба бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ, инчунин васеъ намудани ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) ва кишварҳои хориҷӣ сухан намуд.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






