«КИШВАРИ САБЗ». Дар ин парваришгоҳ зиёда аз 100 намуди гулу буттаҳои нодир ва 40 намуди ниҳоли дарахтони ороишӣ парвариш мешавад
ДУШАНБЕ, 21.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар парваришгоҳи ниҳол ва гулу буттаҳои нодири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кишвари сабз»-и шаҳри Душанбе зиёда аз 100 намуди гулу буттаҳои нодир ва 40 намуди ниҳоли дарахтони ороишӣ, ки тухмии онҳо аз дохил ва хориҷи мамлакат оварда шудаанд, бо тавсияи олимон кишту парвариш мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мақсад аз ташкили кор дар хоҷагӣ мутобиқсозии навъу намудҳои гулу бутта ва ниҳоли дарахтон ба иқлими Тоҷикистон мебошад. Ин аст, ки тарзу усули кишт ва парвариши онҳо аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба амалӣ шудааст.
20 феврал зимни боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ин парваришгоҳ иттилоъ дода шуд, ки дар масоҳати 2 гектару 20 садяк дар хоҷагии гулпарварӣ гармхона бо насби технологияи муосир бунёд ёфтааст. Дар гармхона ниҳоли дарахтон ва гулу буттаҳои гармидӯст парвариш ва ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ карда мешаванд.
Дар гармхона зиёда аз 100 намуди гулу буттаҳо ва дарахтон, аз ҷумла зиёда аз 500 ҳазор гули хонагӣ ва 100 ҳазор гули бисёрсола бо усули муосир ва пешрафтаи ҷаҳонӣ аз тухмӣ кишту парвариш меёбад.
Сарвари давлат ба роҳбарони марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва боғҳои пойтахт супориш доданд, ки бо истифода аз заминаи мусоиди чунин парваришгоҳҳо барои ободонию сабзкорӣ ва боз ҳам зебою дилнишин гардонидани боғу гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он аз шароиту имконоти мавҷуда самаранок истифода баранд.
Бояд гуфт, ки қабули «Барномаи миллии «Кишвари сабз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва «Барномаи давлатии сабзкории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баёнгари он аст, ки ин сиёсат муваффақона пеш меравад ва Тоҷикистон дар самти истифодаи энергияи «сабз» ва дар оянда воқеан ҳам ба мамлакати сарсабз табдил ёфтан қадамҳои устувор мегузорад.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе ҳамасола барои вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ озмунҳои гуногун гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, соли равон бо мақсади вусъати корҳои ободонию созандагӣ, сабзазоркунӣ, тарғиби зебоипарастӣ байни сокинони пойтахт барои муайян намудани беҳтарин композитсия ва дизайни ҷолиби мавзеи гулзор, инчунин сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии гулҳо — «Душанбе — шаҳри гулрез» баргузор мегардад.
Талошу тадбирҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе баргирифта аз ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сабзкорию ободгардонӣ, гулзору гулпӯшгардонии мамлакат мебошад. Имрӯз ин иқдомро ҳама пиру ҷавони мамлакат вазифаи хеш дониста, пайи анҷом додани он мебошанд.
Ниҳолшинонию гулшинонӣ аз қадимулайём барои тоҷикон рамзи зиндагии шоиста ва хуррамию сарсабзӣ мебошад. Тавсифу тараннуми гулҳои атрогину сабзаҳои махмалин дар адабиёти ҳазорсолаи тоҷик мақоми арзанда дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд






