KOICA дар Душанбе Маркази омӯзиш ва такмили ихтисоси мутахассисони роҳи оҳан ва метро таъсис медиҳад

Февраль 28, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 28.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Директори навтаъйини Дафтари Агентии ҳамкории байналмилалии Корея /KOICA/ (Korea International Cooperation Agency) Канг Синг Хон ва муовини ӯ Чангвон Ли мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Азим Иброҳим зимни суҳбат гуфт, ки Тоҷикистон ва Корея ҳоло 4 лоиҳаи хурду бузургро дар самти роҳу нақлиёт якҷоя амалӣ менамоянд. Яке аз онҳо ба асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён» рабт дошта, бо дастгирии КОICА моҳи январи соли 2025 расман оғоз гардид.

Канг Синг Хон гуфт, ки КОICА ба татбиқи марҳилаҳои минбаъдаи ин лоиҳа, ки ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои минтақа аҳамияти стратегӣ дорад, омода ва ҳавасманд мебошад. Татбиқи муваффақонаи лоиҳа метавонад ба густариши гардиши молу маҳсулот дар минтақа тавассути қаламрави Тоҷикистон мусоидат намояд.

Канг Синг Хон пешниҳод намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисони соҳа, алалхусус машинистони локомотив, муҳандисон, устоҳо ва танзимгарони ҳаракати вагонҳои роҳи оҳан ва метро дар шаҳри Душанбе Маркази омӯзиш ва такмили ихтисос таъсис дода шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби Вазири нақлиёти Тоҷикистон маъқул дониста шуд.

Иброз гардид, ки барои иҷрои уҳдадориҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳа тамоми чораҳои заруриро сари вақт ва бо ҷалби мутахассисони ҳирфаӣ амалӣ менамоянд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 28, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд