Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид

Февраль 4, 2025 09:45

ДУШАНБЕ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 феврал дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар кори маҷлис муовинони раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аъзои Раёсат ва аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии тафтишотӣ, аъзои Фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари дастгоҳ ва кормандони масъули Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раисони кумитаҳои иҷроия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», фаъолони ҳизбӣ ва намояндагони Воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Зимни маҷлис Нақшаи кори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои шашмоҳаи якуми соли 2025, Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», Нақшаи  чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани ХV (18 декабри соли 2024), Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии “Роғун — нурбахши роҳи фардои Ватан”,  ҳайати мушовараи нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ», Сметаи даромад ва хароҷоти  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис «Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2025» иброз гардид, ки нақшаи корӣ ҳуҷҷати муҳим барои амалӣ намудани ҳама ҷанбаҳо ва самтҳои фаъолияти корӣ ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ҳама паҳлуҳои фаъолият лоиҳаи нақшаи кори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иборат аз 55 банд таҳия шудааст, ки аз “Барномаи ҳизб барои солҳои 2025 – 2030” маншаъ мегирад.

Доир ба масъалаи дуюми  рӯзнома  «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Маликшо Неъматзода таъкид намуд, ки яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои барномавие, ки дар муддати бештар аз бист соли охир дастовардҳои миллиро дар бахшҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, илм, фарҳанг, маориф ва таъмини амнияти мамлакат таҳлил, баррасӣ ва арзёбӣ менамояд, нақшаҳои наздиктаринро коркард ва дар асоси онҳо дурнамои рушди давлатдориро муайян менамояд, ин паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки барои тарғиби нуктаҳои асосии Паём дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва корхонаву муассисаҳо аз ҳисоби аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру   ноҳияҳои тобеи марказ,  шурои собиқадорон ва дигар фаъолони ҳизбӣ гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис дода шудаанд, ки онҳо фаъолияти худро бомаром идома медиҳанд.

Оид ба масъалаи сеюми рӯзнома таъкид гардид, ки Анҷумани ХV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рӯйдоди муҳимми таърихӣ ба ҳисоб рафта, самти фаъолияти ҳизбро барои минбаъдаҳо мушаххас намудааст. Вобаста ба он Кумитаи иҷроияи марказӣ нақшаи мукаммал таҳия намуда, дар асоси он тамоми неру ва донишу малакаи худро равона месозад.

Доир ба масъалаи чоруми рӯзнома  «Дар бораи эълон намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Роғун — нурбахши роҳи фардои Ватан» иброз гардид, ки ба хотири татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб дар доираи ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – сарпарасти маънавии Неругоҳи барқи обии “Роғун” Озмуни ҷумҳуриявии “Роғун — нурбахши роҳи фардои Ватан” дар байни шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон, таърихнигорон, мусаввирон, оҳангсозон, овозхонҳо ва блогерон гузаронида шавад. Вобаста ба ин Низомнома, ҳайати Комиссия ва намунаи дархост барои иштирок дар озмун низ таҳия гардидааст.

Ҳамзамон масъалаи панҷуми рӯзнома “Оид ба тасдиқи ҳайати мушовараи нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ»   ва  масъалаи шашуми  рӯзнома «Дар бораи тасдиқ намудани сметаи даромад ва хароҷоти  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои соли 2025”  низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Дар маҷлис бо назардошти таклифу пешниҳодҳо аз рӯйи ҳама масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ташкилоти ҳизбӣ муваззаф гардиданд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти мамлакат ва муборизаи беамон ба зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таассубу хурофот ва дигар зуҳуроти манфӣ эътибори ҳамешагӣ дода, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ вусъат бахшида, мардумро ба корҳои ободонию созандагӣ ва татбиқи нақшаҳои тасдиқгардида даъват намоянд.

Иброз гардид, ки Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти худро беш аз пеш тавсеа бахшида, рисолати худро дар фаъолияти минбаъда барои татбиқи идеяҳои созандаю бунёдкорона, ки аз дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, бо ифтихор ва масъулияти баланди ҳизбӣ ва шаҳрвандӣ ба анҷом мерасонад.

АКС: Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Февраль 4, 2025 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 720 нафар кӯдакону наврасон таътили худро босамар мегузаронанд
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Имсол 1000 нафар кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» ҷалб мегарданд
Дар Тоҷикистон даври сеюми Форуми коршиносони Осиёи Марказӣ — Корея доир мешавад
Дар Душанбе маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд
Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» доир гардид
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт бартараф карда шуданд
Табибони тоҷик дар Туркия малакаи касбиии худро такмил медиҳанд