Масъалаи фаъолгардонии парвозҳои мустақим дар масири Душанбе-Абузабӣ ва Душанбе-Шарҷа баррасӣ гардид

Февраль 13, 2025 16:01

ДУШАНБЕ, 13.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи фаъол гардонидани парвозҳои мустақим дар масири Душанбе-Абузабӣ ва Душанбе-Шарҷа дар мулоқоти Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода ва Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Амороти Муттаҳидаи Араб Сайф Муҳаммад Алсувайдӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи ифтитоҳи парвозҳои боркашонӣ (карго)-ро байни Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб баррасӣ намуданд.

Мулоқот дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ /Global Implementation Support Symposium/ дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид.

Ҳамчунин дар доираи Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори генералии Ширкати ҳавопаймоии «Air Arabia» ва Директори минтақавии Ширкати ҳавопаймоии «Wizz Air» мулоқот намуда, барои ифтитоҳи хатсайрҳои нав ва инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон табодули назар намуданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки вохӯриҳо бо роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои арабӣ аз ҷониби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидати бештар ба рушди соҳаи авиатсияи граждании мамлакат анҷом дода шуданд.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 13, 2025 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд