Мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Фонди саудии рушд
ДУШАНБЕ, 13.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Директори минтақавии Фонди Саудии Рушд дар Осиёии Марказӣ Муҳаммад Ал-Масъуд мулоқот намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо Фонди Саудии Рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре таъкид гардид, то имрӯз аз ҷониби Фонди Саудии Рушд 306 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои қарзи имтиёзнок ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо шудааст. Ҳоло 4 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 180 миллион доллар мавриди амал қарор дорад.
Илова бар ин, лоиҳаи созишномаи қарзӣ дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб» баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки ин лоиҳа аҳамияти байналмилӣ дошта, пойтахти мамлакат ва дигар минтақаҳои ҷумҳуриро бо Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва минбаъд бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, Афғонистон, Покистон ва дигар кишварҳои минтақа мепайвандад.


Муовини якуми Сарвазири мамлакат даъват намуд, ки фонди мазкур барои лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, аз ҷумла афзоиши истеҳсоли «неруи сабз» маблағгузориро бештар намояд.
Инчунин зиёд намудани ҳаҷми маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохтории Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва нақлиёт зарур шумурда шуд.
Дар фарҷоми мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки дар доираи ҳамкории судманд ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо дигар имкониятҳои мавҷуда низ истифода хоҳад шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






