Мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Фонди саудии рушд

Февраль 13, 2025 08:36

ДУШАНБЕ, 13.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Директори минтақавии Фонди Саудии Рушд дар Осиёии Марказӣ Муҳаммад Ал-Масъуд  мулоқот намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо Фонди Саудии  Рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре таъкид гардид, то имрӯз аз ҷониби Фонди Саудии Рушд 306 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои қарзи имтиёзнок ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо шудааст. Ҳоло 4 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 180 миллион доллар мавриди амал қарор дорад.

Илова бар ин, лоиҳаи  созишномаи қарзӣ дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб» баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки ин лоиҳа аҳамияти байналмилӣ дошта, пойтахти мамлакат ва дигар минтақаҳои ҷумҳуриро бо Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва минбаъд бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, Афғонистон, Покистон ва дигар кишварҳои минтақа мепайвандад.


Муовини якуми Сарвазири мамлакат даъват намуд, ки  фонди мазкур барои лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, аз ҷумла афзоиши истеҳсоли «неруи сабз» маблағгузориро бештар намояд.

Инчунин зиёд намудани ҳаҷми маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохтории Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва нақлиёт зарур шумурда шуд.

Дар фарҷоми мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки дар доираи ҳамкории судманд ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо дигар имкониятҳои мавҷуда низ истифода хоҳад шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 13, 2025 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад