Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Истаравшан шинос шуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 феврал муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо вазъи соҳаи кишоварзӣ, фаъолияти идораҳои замин, ҷараёни шинонидани дарахтони ҳамешасабз дар маҷмааи таърихии «Қалъаи Муғ», инчунин ҳолати захираи картошка ва чорвопарварӣ дар ҳудуди деҳоти «Чорбоғ»-и шаҳри Истаравшан шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Сулаймон Зиёзода зимни вохӯрӣ бо масъулин иброз дошт, ки дар шароити имрӯзаи таъмини амнияти озуқавории ҷаҳон моро зарур аст, ки заминҳои корамро самаранок истифода бурда, барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешем.
Дар ин замина ба масъулин хотиррасон шуд, ки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти кишоварзӣ сари вақт иҷро намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






