Мутахассисони тоҷик дар Барномаи байналмилалии омӯзиши энергияи офтобӣ дар Ҳиндустон иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 27.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Институти миллии энергияи офтобӣ /NISE/-и шаҳри Гургаони Ҳиндустон Барномаи байналмилалии омӯзишӣ оид ба технология ва татбиқи энергияи офтобиро ташкил намуд, ки он мутахассисонро аз тамоми ҷаҳон барои баланд бардоштани донишҳо дар соҳаи энергияи офтобӣ муттаҳид менамояд. Дар ин барномаи бонуфуз аз Тоҷикистон ду мутахассис: Довуд Сулаймонов аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва Парвина Ризоева аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд иштирок менамоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон.
Иштироки онҳо далели ҳамкории афзояндаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар бахши энергияи таҷдидшаванда мебошад. Ҳиндустон ба яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар рушди энергияи офтобӣ табдил ёфта, яке аз бозорҳои босуръат рушдёбандаи энергияи барқароршаванда дар ҷаҳон арзёбӣ мегардад.
Солҳои охир Ҳиндустон дар соҳаи энергияи офтобӣ бо иқтидори муқарраршуда зиёда аз 70 ГВт пешравиҳои назаррас ба даст овард. Бо шарофати ташаббусҳо, ба монанди Рисолати миллии офтобӣ Ҳиндустон ҳадаф дорад, ки то соли 2030 ба 280 ГВт неруи офтобӣ ноил шавад ва дар талошҳои глобалӣ барои гузариш ба энергияи тоза саҳми назаррас гузорад.
Уҳдадории Ҳиндустон ба энергияи офтобӣ аз таъсиси Иттиҳоди байналмилалии офтобӣ (ISA) дар соли 2015 дарак медиҳад. Ҳадафи таъсиси Иттиҳоди байналмилалии офтобӣ, ки Ҳиндустон дар ҳамкорӣ бо Фаронса оғоз намуд, ба пешбурди ҳамкории энергетикии офтобӣ дар байни зиёда аз 120 давлат равона шудааст. Иттиҳоди байналмилалии офтобӣ ба ҷалби сармоягузорӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва пешбурди интиқоли технология дар рушди энергияи офтоб равона шудааст.
Тоҷикистон бо эътирофи аҳамияти ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи энергияи таҷдидшаванда пешниҳодҳо манзур намудааст. Бо назардошти эътирофи аҳамияти ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи энергияи таҷдидшаванда Тоҷикистон инчунин барои узвият дар ISA дархост пешниҳод намуда, уҳдадорияшро барои роҳи ҳалли устувори энергия тасдиқ кард.
Иштироки ду мутахассиси тоҷик дар барномаи таълимии NISE ба онҳо дар бораи технологияҳои пешрафтаи офтобӣ ва татбиқи онҳо дар Тоҷикистон маълумоти арзишманд медиҳад. Интизор меравад, ки ин таҷриба ба тавсеаи ташаббусҳои энергияи офтобӣ дар Тоҷикистон мусоидат намуда, талошҳои мамлакатро барои диверсификатсияи бахши энержии он ва қабули роҳҳои ҳалли устувортар дастгирӣ намояд.
Ба иттилои масъулини Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, чанде пеш ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории муштарак оид ба манобеъи барқароршавандаи энергия байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон ба таври маҷозӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳайатҳои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш ва ҳайати Ҳиндустон таҳти роҳбарии котиби Вазорати энергетикаи нав ва таҷдидшавандаи ин кишвар Лалит Боҳра иштирок доштанд.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба манобеи барқароршавандаи энергия баррасӣ шуда, ҷонибҳо иқтидори энергетикии Тоҷикистон ва Ҳиндустонро муаррифӣ намуданд. Ҳамзамон оид ба муайян намудани самтҳои ҳамкории минбаъда бо назардошти таҷрибаи ғании Ҳиндустон дар соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия табодули назар карда шуд.
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергияи таҷдидшаванда бозгӯи дидгоҳи муштараки ҳарду давлат дар пешбурди энергияи тоза барои ояндаи устувор мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








То 60 фоизи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон истеҳсол мегардад
Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Истеҳсоли ғалладонагӣ 6 маротиба зиёд шудааст
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон 70 корхонаи дорусозӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Шаҳринав оид ба гузаронидани пайванди дарахтони мевадиҳанда ва зиёд намудани тагпайвандҳо машғулият доир шуд
Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа таъсис ёфт
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истеҳсоли барқ оғоз намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «TajTech – 2026» доир мегардад
РУШДИ САНОАТ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон беш аз сад корхона ва коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият менамояд
Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор шуд
Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи «Роғун» маблағҳои иловагии созмонҳои байналмилалии молиявиро ҷалб менамояд






