Намояндаи Тоҷикистон дар бахши сатҳи баланди иҷлосияи 58-уми Шурои ҳуқуқи инсони СММ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 25.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 феврал Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар бахши сатҳи баланди иҷлосияи 58-уми Шурои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад, бахши сатҳи баланди Иҷлосияи Шурои ҳуқуқи инсон ҳамасола дар аввали сол баргузор шуда, зимни кори он намояндагони воломақоми кишварҳои Созмони Милали Муттаҳид иштирок менамоянд. Дар бахши сатҳи баланди имсол (аз 24 то 26 феврал) намояндагони воломақоми 128 кишвар иштирок хоҳанд кард.
Иҷлосия таҳти роҳбарии Конфедератсияи Швейтсария – Президенти нави Шурои ҳуқуқи инсон дар соли 2025 оғоз шуд. Ҳамчунин дар бахши сатҳи баланд Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш, Президенти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Филемон Янг, Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон Волкер Турк ва Вазири федералии корҳои хориҷии Швейтсария Игнасио Кассис иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иҷлосия аз 24 феврал то 4 апрели соли 2025 дар шаҳри Женева идома меёбад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд






