НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба беш аз 153 миллиард сомонӣ расонида шуд

Февраль 11, 2025 15:21

ДУШАНБЕ, 11.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 153,4 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки суръати рушди иқтисоди миллӣ соли 2024 асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 20 фоиз, кишоварзӣ 10,6 фоиз, гардиши савдо 13,6 фоиз, мусофиркашонӣ 13,4 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 13 фоиз, боркашонӣ 11,5 фоиз ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 8,4 фоиз таъмин гардид.

Соли 2024 дар соҳаи саноат барои ноилшавӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, ба кор андохтани иқтидори нав, истифодаи пурраи иқтидори истеҳсолӣ ва содиротӣ, инчунин таъсиси ҷойи нави кор тадбирҳо амалӣ гардиданд.

«Дар ин замина дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 740 корхонаю коргоҳи нави истеҳсолӣ, аз ҷумла 528 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси қариб 20 ҳазор ҷойи кори нав, иловагӣ ва барқароршуда мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 53,8 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 20 фоизро ташкил дод»,-иттилоъ дод Завқӣ Завқизода.

Дар панҷ соли охир, новобаста аз таъсири ду буҳрони глобалӣ ва омилҳои берунӣ суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба 5 соли қаблӣ (2015-2019) 1,5 банди фоизӣ зиёд аст.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2025 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд