НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 425,7 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуд

Февраль 14, 2025 10:08

ДУШАНБЕ, 14.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз ҷониби мутахассисони самти назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 484 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида шуда, ба маблағи умумии 425,7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори агентӣ Сулаймон Султонзода иттилоъ дод.

Директори агентӣ иброз дошт, ки кормандони ин ниҳод бо мақсади муқовимати низомнок ба омилу кирдорҳои коррупсионӣ, инчунин огоҳсозӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи зиддикоррупсионии шаҳрвандон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 1053 вохӯрӣ гузарониданд. Ҳамзамон 1711 ҳолати содир гардидани ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба коррупсия алоқаманд ошкор ва баррасӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 2323 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва дигар ҷиноятҳои ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастаро нисбат ба 1180 нафар ошкор намуданд. Тафтиши пешакии 728 парвандаи ҷиноятӣ  нисбат ба 948 нафар ба итмом расида, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба судҳо ирсол карда шуд.

Ба иттилои Сулаймон Султонзода, соли 2024 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  дар ҳамаи самтҳои фаъолият 513 миллион сомониро барқарор намуд. 384 миллион сомонии он ба суратҳисобҳои буҷетӣ ворид гардида, 115,8 миллион  сомонӣ ба фоидаи ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва шаҳрвандон мебошад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2025 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»