НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Палатаи ҳисоб қариб 80 миллион сомонӣ зарари молиявӣ берун аз нақша барқарор гардид
ДУШАНБЕ, 12.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз ҷониби аудиторони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 192 чорабинии аудиторӣ гузаронида шуд. Зимни он қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 506 миллиону 700 ҳазор сомонӣ муайян гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода иттилоъ дод.
Аз маблағи умумии қоидавайронкуниҳои молиявӣ зарари молиявӣ аз ҳисоби хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 37,3 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 1,6 миллион сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 37,1 миллион сомонӣ ва аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 3,2 миллион сомонӣ муайян ва барқарор карда шуд. Дар маҷмуъ он 79 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар 24 марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ чорабиниҳои аудиторӣ гузаронида шуда, қоидавайронкуниҳои молиявӣ аз ҳисоби изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ ба маблағи 14,3 миллион сомонӣ муайян шуданд. Инчунин қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 135,1 миллион сомонӣ дар 74 субъекти хоҷагидорӣ ошкор карда шуд.
Тибқи қоидаҳои муқарраршуда, дар ин давра аз натиҷаи чорабиниҳои аудитории Палатаи ҳисоб 45 мавод ба маблағи 33 миллиону 800 ҳазор сомонӣ барои чораҷӯӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла ба Прокуратураи генералӣ 19 мавод ба маблағи 22 миллион сомонӣ, ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 25 мавод ба маблағи 11 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ва ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 1 мавод ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ирсол гардид. Барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо ва марказҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ 47 хулоса ва мактубҳои ахборӣ бо 1481 тавсияи судманд ирсол карда шуда, аз баррасии онҳо 80 қарору фармон қабул гардид.
Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки аз 192 чорабинии аудиторӣ 83-тои он ба тариқи фосилавӣ гузаронида шуд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст






