НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои муштариёне, ки ба низоми биллингӣ пайваст гардидаанд, маркази тамос ташкил шудааст
ДУШАНБЕ, 11.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2021 дар шаҳри Душанбе лоиҳаи «Низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии неруи барқ» оид ба системаи нав – низоми биллингӣ амал менамояд. Аммо сокинони пойтахт аз он изҳори нигаронӣ менамоянд, ки вобаста ба ҳалли мушкилоти ин низом ва пайдо кардани намояндаи он намедонанд ба куҷо муроҷиат кунанд.
Ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар», ки дар ин маврид ба мушкилоти сокинон кӣ бояд сари вақт ҷавоб гардонад, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ намояндаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаи тақсимоти барқ» Муҳаммад Ғуломзода чунин посух гардонид: «Вобаста ба ҳалли мушкилоти сокинони пойтахт аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаи тақсимоти барқ дар шаҳри Душанбе» барои муштариёне, ки ба низоми биллингӣ пайваст гардидаанд, маркази тамос ташкил гардидааст. Дар он 16 нафар бо кор таъмин гардида, инчунин барои сари вақт ҳал намудани мушкилоти сокинон навбатдории шабона ташкил шудааст. Рақами маркази тамос барои сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 44 6506600 ва барои сокинони ноҳияҳои Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии пойтахт 44 610 1818 мебошад. Сокинон метавонанд ба ин рақамҳо дар тамос шаванд».
Муҳаммад Ғуломзода иброз намуд, ки дар даромадгоҳи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ варақаҳои иттилоотӣ насб гардидаанд, ки шаҳрвандон метавонанд тавассути онҳо муроҷиат намоянд.
«Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе то имрӯз беш аз 140 ҳазор ҳисобкунаки барқӣ ба низоми биллингӣ васл гардидааст. Инчунин дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонӣ зиёда аз 90 ҳазор ҳисобкунаки барқӣ насб гардидааст, ки 75 ҳазор адади он ба низоми биллингӣ васл шудааст», — гуфт Муҳаммад Ғуломзода.
Ҳадафи асосии лоиҳа кам кардани талафоти неруи барқ ва зиёд намудани сатҳи пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ мебошад. Тибқи нақшаи лоиҳа, кам кардани талафоти тиҷоратию технологии қувваи барқ аз 19 фоизи расмӣ то 12,6 дарсад дар назар дошта шуда буд. Афзалияти асосии гузариш ба ин самт аз он иборат аст, ки кор бо роҳи автоматӣ амалӣ шуда, омилҳои инсонӣ аз байн мераванд. Инсон дар ин раванд дигар нақш намебозад. Кор дар низоми биллингӣ чунин аст, ки охири ҳар моҳ маълумот доир ба ҳаҷми истифодашудаи қувваи барқ ва маблағи он ба воситаи рақами телефони муштарӣ бо паёмак ирсол мегардад. Баъд аз санаи ҳисобишуда ба муштарӣ то 15 моҳи оянда муҳлат дода мешавад, то маблағи ҳаққи истифодаи қувваи барқро ба тариқи ғайринақдӣ супорад, вагарна баъд аз ин муҳлат интиқоли қувваи барқ ба таври автоматӣ қатъ мегардад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






