НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои муштариёне, ки ба низоми биллингӣ пайваст гардидаанд, маркази тамос ташкил шудааст

Февраль 11, 2025 13:40

ДУШАНБЕ, 11.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2021 дар шаҳри Душанбе лоиҳаи «Низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии неруи барқ» оид ба системаи нав – низоми биллингӣ  амал менамояд. Аммо сокинони пойтахт аз он изҳори нигаронӣ менамоянд, ки вобаста ба ҳалли мушкилоти ин низом ва пайдо кардани намояндаи он намедонанд ба куҷо муроҷиат кунанд.

Ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар», ки дар ин маврид ба мушкилоти сокинон кӣ бояд сари вақт ҷавоб гардонад, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ намояндаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаи тақсимоти барқ» Муҳаммад Ғуломзода чунин посух гардонид: «Вобаста ба ҳалли мушкилоти сокинони пойтахт аз ҷониби Ҷамъияти  саҳомии кушодаи «Шабакаи тақсимоти барқ дар шаҳри Душанбе» барои муштариёне, ки ба низоми биллингӣ  пайваст  гардидаанд, маркази тамос ташкил гардидааст. Дар он 16 нафар бо кор таъмин гардида, инчунин барои сари вақт ҳал намудани мушкилоти сокинон навбатдории шабона ташкил шудааст. Рақами маркази тамос барои сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 44 6506600 ва барои сокинони ноҳияҳои Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии  пойтахт 44 610 1818 мебошад. Сокинон метавонанд ба ин рақамҳо дар тамос шаванд».

Муҳаммад Ғуломзода иброз намуд, ки дар даромадгоҳи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ варақаҳои иттилоотӣ насб гардидаанд, ки шаҳрвандон метавонанд тавассути онҳо муроҷиат намоянд.

«Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе то имрӯз беш аз 140 ҳазор ҳисобкунаки барқӣ ба низоми биллингӣ васл гардидааст. Инчунин дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонӣ зиёда аз 90 ҳазор ҳисобкунаки барқӣ насб гардидааст, ки 75 ҳазор адади он ба низоми биллингӣ васл шудааст», — гуфт Муҳаммад Ғуломзода.

Ҳадафи асосии лоиҳа кам кардани талафоти неруи барқ ва зиёд намудани сатҳи пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ мебошад. Тибқи нақшаи лоиҳа, кам кардани талафоти тиҷоратию технологии қувваи барқ аз 19 фоизи расмӣ то 12,6 дарсад дар назар дошта шуда буд. Афзалияти асосии гузариш ба ин самт аз он иборат аст, ки кор бо роҳи автоматӣ амалӣ шуда, омилҳои инсонӣ аз байн мераванд. Инсон дар ин раванд дигар нақш намебозад. Кор дар низоми биллингӣ чунин аст, ки охири ҳар моҳ маълумот доир ба ҳаҷми истифодашудаи қувваи барқ  ва маблағи он ба воситаи рақами телефони муштарӣ бо паёмак ирсол мегардад. Баъд аз санаи ҳисобишуда ба муштарӣ то 15 моҳи оянда муҳлат дода мешавад, то маблағи ҳаққи истифодаи қувваи барқро ба тариқи ғайринақдӣ супорад, вагарна баъд аз ин муҳлат интиқоли қувваи барқ ба таври автоматӣ қатъ мегардад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»  

Февраль 11, 2025 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намуд
Дар Созмони ҷаҳонии гумрук намояндагии доимии Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Саридораи закот, андоз ва гумруки Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуд
НАМОИШГОҲИ ҶАҲОНИИ EXPO-2025. Ҳамарӯза Гӯшаи Тоҷикистонро 25 ҳазор нафар тамошо менамояд
Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 дар Осакаи Ҷопон баргузор шуд
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як миллиард сомонӣ расид
Дар ноҳияи Ёвон беш аз 22 ҳазор тонна маҳсулоти ғаладонагӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2024 ба беш аз 307 миллион сомонӣ расид»
Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 11 ҳазор расид
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт