НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон «Фарҳанги дастархондорӣ» меомӯзанд

Февраль 5, 2025 11:38

ДУШАНБЕ, 05.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соли 2024 бо 54 корхонаю ташкилоти истеҳсолӣ ва хизматрасонии ватанию хориҷӣ барои ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифтани донишҷӯён шартномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар ин хусус 5 январ ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Барои таъмини ҳамгироии байналмилалии раванди таҳсил дар донишгоҳ бо ҷалби омӯзгорон, олимону коршиносони варзидаи хориҷӣ, аз ҷумла аз муассисаҳои таълимӣ ва илмии Британияи Кабир, Ҳиндустон, Индонезия, Нидерланд, Малайзия, Чин, Олмон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон беш аз 150 маърузаи маҷозӣ, машварат, машғулияти шабакавӣ ва озмунҳои таълимӣ баргузор карда шуданд.

Убайдулло Асрорзода гуфт, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ пойгоҳи моддӣ-техникии озмоишгоҳҳои донишгоҳ бо таҷҳизоти муосири техникӣ таъмин гардида, беш аз 120 донишҷӯ ба даври ройгони омӯзиши «Фарҳанги дастархондорӣ» фаро гирифта шуд. Ин донишҷӯён ба чорабиниҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба ҳайси хизматрасон ҷалб мегарданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2025 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд