НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 07.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода вобаста ба талабот ва ниёзҳои ҷомеа 7 ихтисоси нав: таърих ва назарияи фарҳанг, таъриху фарҳангшиносӣ, забон ва адабиёти тоҷик-фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ, забон ва адабиёти тоҷик, китобхонашиносӣ, забон ва адабиёти тоҷик-рӯзноманигорӣ, кори осорхона ва ҳифзи ёдгории таърихию фарҳангӣ (таърих ва музеология) ва санъати актёрии театри мусиқӣ-мазҳакавӣ таъсис дода шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 43 донишҷӯ ихтисосҳои санъати мусиқӣ ва таҳсилоти томактабӣ (санъати мусиқӣ)-ро, ки ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ мебошанд, хатм намуда, ба ҷойи кор роҳхат гирифтанд.
«Соли 2024 28 донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ донишкадаро хатм намуда, барои кор ба маҳалли зисташон фиристода шуданд. Имсол дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода аз рӯи 32 ихтисос довталабон дар бахши рӯзона, фосилавӣ ва ғоибона қабул карда шуданд», — афзуд Муҳриддин Низомӣ.
Зимни нишасти матбуотӣ ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон донишкада бо 59 донишгоҳу донишкадаҳои давлатҳои хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи онҳо ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва эҷодӣ менамояд. Аз ҷумла, дар доираи ин ҳамкорӣ дар донишкада 60 донишҷӯ аз Ҷумҳурии Узбекистон таҳсил доранд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






