НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон 126 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунад

Февраль 12, 2025 16:45

ДУШАНБЕ, 12.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон 126 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил дорад, ки аз Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Покистон, Ҷумҳурии Бангладеш, Малавӣ, Танзания, Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Нигерия мебошанд. Теъдоди онҳо нисбат ба соли 2024 64 нафар зиёд гардидааст. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишкада Зарина Ибодзода баён намуд.

Ба иттилои ректори донишкада, дар айни замон дар донишкада 188 гурӯҳ фаъолият доранд, ки аз ин 92 гурӯҳ бо забони давлатӣ, 90 гурӯҳ бо забони русӣ ва 6 гурӯҳ бо забони англисӣ таҳсил менамоянд.

«Донишкада бо 16 муассисаи таҳсилии олии хориҷӣ дар самти таҳсил, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули таҷрибаи донишҷӯён ва ҳайати профессорону омӯзгорон ва дигар самтҳои соҳаи тиб ҳамкории судманд менамояд», -иброз дошт Зарина Ибодзода.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2025 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд