НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар вилояти Хатлон 1663 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Февраль 12, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 12.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бахшида ба  35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 1663 иншооти ҷашнӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки 134,1%-и дурнамои солонаро ташкил медиҳад. Дар ин хусус Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки дар доираи омодагиҳо ба ин  ҷашни миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони 6260 иншоот пешбинӣ гардидааст. То имрӯз беш аз 4 ҳазор биною иншоот ба маблағи умумии 3,3 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар вилоят 89 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо таъсиси беш аз 1000 ҷойи нави кор сохта, ба истифода дода шуд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2025 шумораи умумии корхонаҳо ба 874 адад расид. Имрӯзҳо дар корхонаҳои саноатии вилоят 185 номгӯй маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

«Ин дастовардҳо натиҷаи заҳмати аҳли вилоят ва татбиқи самараноки барномаю нақшаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ мебошанд», — изҳор дошт Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Февраль 12, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд